Loading color scheme

Бар асари тирпарронӣ дар назди мактаб дар иёлоти Колорадо панҷ нафар маҷрӯҳ шуданд

Назарҳо: 185

Бар асари тирпарронӣ дар назди мактаби шаҳри Аврораи аёлати Колорадои ИМА панҷ наврас ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора полиси маҳаллӣ хабар додааст.

"Чанд нафар аз тирпарронӣ ҷароҳат бардоштанд, синну сол ва ҳолати дақиқи онҳо маълум нест", — омадааст дар паёми Твиттер.

Ба қавли пулис, дар ҳоли ҳозир пас аз тирпарронӣ панҷ навраси аз 14 то 17-сола ба бемористонҳо мунтақил шудаанд.

Тавре зикр гардид, мактабе, ки дар паҳлӯи он тирпарронӣ сурат гирифтааст, ҳоло таҳти ҳимояти пулис қарор дорад.

Қаблан дар аёлати Дакотаи ҷанубии ИМА дар натиҷаи тирпарронӣ ду нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шуда буданд.

"Тоҷикони Амрико"