ИМА ба ҷаҳон беш аз 1,2 миллиард воксин ҳадя хоҳад кард
-
Назарҳо: 169
Блинкен, ки аз Ҷакарта боздид мекунад, гуфт: "То охири соли оянда мо ба ҷаҳон беш аз 1,2 миллиард воксин ҳадя хоҳем кард". Суханронии ӯро Департаменти давлатии ИМА пахш намуд.
Сардори дипломатияи Амрико таъкид кард, ки аз кариб 300 миллион воксин «ваксинахои бехавф», ки Иёлати Муттахида аллакай ба ҷаҳон тӯхфа кардаанд, кариб сеяки он ба мамлакатхои минтақаи Хинду уқёнуси Ором фиристода шудааст.
"Мо инчунин аллакай ба маблағи беш аз 2,8 миллиард доллар кӯмаки иловагии наҷотбахши ҳаёт ба сайёра хайрия намудем. Аз ин 77 миллион кӯмак ба Индонезия, аз ҷумла харидани таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ ва оксигени тиббӣ барои беморхонаҳо мебошад"- гуфт, Блинкен.
Иёлоти Муттаҳида бузургтарин донори ваксинаи коронавирус дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар авоили моҳи декабр маъмурияти президент Ҷо Байден эълон дошт, ки бар иловаи 275 миллион вояи ваксинае, ки аллакай ба кишварҳои дигар дода шудааст, Иёлоти Муттаҳида ваъда додааст, ки дар се моҳи оянда 200 миллион вояи изофӣ хайрия мекунад.
"Тоҷикони Амрико"