Моликияти Ҳукумати ИМА (Қисмати 6)
-
Назарҳо: 217
Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя)
МОЛИКИЯТИ ҲУКУМАТИ ИМА
(Давомаш. ҚИСМАТИ 6)
Дӯсте дорам, ки солҳои ҳафтодум аз Афғонистон ба Амрико кучида, дар иёлати Вирҷиниё, наздикии шаҳри Вошингтон ба сар мебарад. Вақте бори аввал ба манзилаш рафтем, аҳли байташро шиносонид ва гуфт, ки ду писар дорад. Якеашро дидаму дигарашро не, вале ба пурсидан ҷуръат накардам. Боре сухан аз Амрико рафт ва дар рафти муколама суол задам, ки оё ӯ дар ИМА хушбахт ҳаст. Ба ин суол посух нагирифтам ва дар кадом вохӯрии дигар боз аз писари дувумаш пурсидам. Он гоҳ вай гуфт, акнун ба суоли чанде пеш дода посух медиҳам:кош, дар ҳамон Мазори Шариф бомбе ба сарам меафтиду ба Амрико намекучидам, чунки ҳамон писари дувумам, ки чанд сол боз ба хона намеояду соле як-ду бор занг мезанад, маро ба додгоҳ кашид. Медонед барои чӣ? Барои он ки ман ӯро барои кадом кори ношоиста танбеҳи ҷисмонӣ дода будам…
Ман дар ҳайрат афтодам, зеро ин суханро шахсе мегуфт, ки кори хуб, зиндагии орому осуда дошт бо якчанд мошину ҳавлии муҳташам. Ман аз моҳонааш напурсидам, аммо тарзи гиру мон ва зоҳири рӯзгорашон ба он далолат мекард, шояд солона камаш 50 - 70 ҳазор доллар даромад дошт.
Аммо ман ҳаргиз баъзе низомнома ё қонунҳое, ки муносибати байни фарзанд ва волидайнро муайян мекунанд, нафаҳмидам ва дар назари ман бисёр бераҳмона аст. Масалан, агар ҳамсар ё фарзандатон бемор шаванд, барои нигоҳубини онҳо варақаи корношоямиро пардохт мекунанд, вале агар падар ё модар мариз шаванд, барои парасторӣ ҷавоб медиҳанд, аммо агар шумо хоҳед, ки ба волидайни хеш дар вақти маризиашон парасторӣ кунед, ин амал танҳо аз ҳисоби рухсатии худи шумо мешавад, соддатар гӯем, барои нигоҳубини волидайни бемор пул намедиҳанд.
Ин низомнома маънои онро надорад, ки амрикоиҳо волидайни худро назар ба дигар миллатҳо камтар дӯст медоранд ва борҳо шоҳид будам, ки агар яке аз волидайни ҳамкори амрикоиамон касал мешуд, ҳамон рӯз ба Амрико оҷилан мепариданд ва муносибати миёни волидайн ва фарзандонро ҳеч гуна қонуну низомнома муайян карда наметавонад ва падару модар ҳам дар Амрикову ҳам дар Тоҷикистон баробар азизанд, аммо чаро парастории волидайнро қонунан пардохт намекунанд, ман намефаҳмам. Мегӯянд, ки ин гуна муносибатро меъёрҳои байналмиллалӣ муайян намудааст, яъне, на танҳо дар Амрико, балки дар бисёр мамолики дигар низ чунин низомномаҳо будаанд.
Ин ҷо боз як масъалаи муҳимро ба хонандаи азиз арз мекунам. Дар Амрико ва шояд дар кулли кишварҳои ҷаҳон, ба истиснои чанд ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ одоби маъмуле ҳаст, ки аз якдигар дар бораи миқдори моҳона суол намедиҳанд.
Такрор мекунам, пурсидани маъош (дар Амрико моҳона неву солонаро мегӯянд) ҳам дар Аврупову ҳам дар Осиёву ҳам дар Африқо аз дағалтарин суолҳост ва шояд ба шумо ҷавоб ҳам надиҳанд.
Агар тавонеду зарурат набошад, на танҳо дар хориҷи кишвар, балки дар Тоҷикистон ҳам аз нафаре дар бораи маъошаш напурсед, беҳтар аст. Воқеан, ин кор аз рӯи одоб ҳам нест. Донистани он чиз, ки нафаре чанд сомонӣ маъош мегирад, ба шумо чӣ суд мерасонад!?Аз пурсидани моҳонаи дигар кас на моҳонаи шумо зиёд шавад ва ё на сомоние барои пурсиданатон аз киса бароварда диҳанд, лекин ин рафтор шуморо дар назари шахси пурсидашуда одами бемаданияту камфарҳанг нишон медиҳад, ҳол он ки шумо аз соддагӣ ё кунҷкобӣ пурсида будед.
Ғайр аз ин дар Амрико боз дар бораи миллат, дин, намуди беморӣ, вазъи оилавӣ суол намедиҳанд ва ин тоифа пурсишро беодобӣ ва дахолат ба «ҳаёти маҳрамонаи шахс» (дар бораи ин ибора поёнтар шарҳе ҳаст) меҳисобанд, ҳарчанд ба рӯятон табассум мекунанд.
Аввали солҳои дуҳазорум буд. Ба ман гуфтанд, ки ходими минтақавӣ дар Осиёи марказӣ ҷаноби Довуд Ҳансикер ба сафорат меояд ва ӯ нақшаи рӯзи ҷумъа ба масҷид рафтан дорад. Ба номи хонаводагиаш, ки соф аврупоӣ буд, таваҷҷӯҳкардам ва боварам наомад ва аз нав пурсидам, ки шояд ба калисо рафтанист. Амрикоӣ рӯзи ҷумъа дар масҷид чӣ кор мекунад?Ё мусалмон аст?Сардорам ҷавоб дод, ки намедонад, Довуд мусалмон аст ё не. Онҳо аз дини шахси дигар намепурсанд, лекин нақшаи ба масҷид рӯзи ҷумъа рафтанаш дуруст аст.
Чанд рӯз пас ҷавонмарди ситорагарми зардина ва кӯтаҳриши амрикоӣ ба идора омад ва бо сухани «Ассалому алейкум, ман – Довуд Ҳансикер» худро шиносонид. Ман ҳам, ки аллакай ҳафт - ҳашт сол дар сафорат собиқа доштам ва бо баъзе одатҳои амрикоиён шинос шуда будам, бинобарин аз дину диёнаташ напурсидам ва он нақшаи вохӯриҳояшро наздаш гузоштам, ҳарчанд аз риши кӯтоҳ ва саломаш пай бурдам, ки мусалмон аст. Пас аз суҳбат дар атрофи нақшаи мулоқотҳояш аз ӯ бахшиш пурсида, гуфтам, ки бояд ба масҷиди маҳаллаи Шафтолузор, ки дар шафати бинои сафоратхона буд, барои хондани салоти аср равам. Довуд гуфт, ки вузуъ дораду ӯ ҳам ба масҷид меравад. Ҳини суҳбат фаҳмидам, ки дар синни шонздаҳсолагӣ бо китобҳои муқаддаси ҳамаи адён шинос шуда, Исломро пазируфта, дертар аз Осиёи марказӣ ҳамсар интихоб намуда, соҳиби писаре бо номи исломӣ мебошад.
Боз як мушоҳидаи ман он буд, ки ним ё аз ним зиёди дипломатҳои амрикоӣ издивоҷ намекунанд, вале чун бо онҳо ба сафар мерафтем, яке аз суолҳои доимии тоҷикӣ: «Зан ё шавҳар ҳаст ё чанд бача доред?» буд. Медонам, ин кунҷкобӣ ҳам аз ростӣ ва самимияти мардуми мо ба миён меояд, аммо…
Дар омади гап бояд бигӯям, ки ин гуна суол ҳам мисли «Чанд пул моҳона мегиред?» зарурати пурсидан надорад, вале фарқаш дар он аст, ки агар аз пурсиши аввал амрикоиҳо худро ноҳинҷор ҳис кунанд, аз кунҷкобии дувум баъзан мардуми худамон, махсусан, онҳое, се - чор сол боз хонадоранду бефарзанданд, нохуш мешаванд.
Бинобарин, дӯсти азиз, пеш аз он ки аз як шиносатон дар бораи фарзандонаш пурсед, аввал донед, ки вай, умуман, насл дорад ё не ва агар надорад,кунҷкобӣ накунед ва мабодо чаро фарзанд надоред, гуфта напурсед, ки ин гуна суол боз дардноктар аст.
Аввалҳо ман намефаҳмидам, ки чаро баъзе дипломатҳо ҳамсар надоранд, вале чун солҳо бо ҳам кор кардем, ба ин савол ҷавоб пайдо шуд. Бале, фард ё инсон дар Амрико аз ҳад зиёд озод аст!Ва ин озодии ишон бо як калимаи «Privacy» ифода меёбад, ки мазмунан, чи тавр болотар гуфтам, «озодии маҳрамонаи шахсӣ» аст. Ҳатто дар ҷойҳоисеродам ҳам амрикоиҳо мекӯшанд ба якдигар наздик нашаванд. Як одати нонавиштае ҳам доранд, ки дар навбатҳо ҳам одамон ба ҳам ҷафс намеистанд ва мобайни одамон тахмин як қадам масофа ҳаст. Ба шахси дигар бо таваҷҷӯҳ нигаристан ҳам аз рӯи одоб нест. Боре дар метрои шаҳри Вошингтон номаълум ба мусофирони он чашм дӯхтам ва агар дар он шаст нафар одам бошад, ба шаст нукта менигарист, аммо аз ин шаст нигоҳ ягонтоаш ба тарафи фарде набуд. Вале чун ба амрикоие муроҷиат кунед, якбора дар лабонаш табассум медаваду бо чарбзабонӣ мепурсад, ки вай барои шумо чӣ мадад расонида метавонад.
Полис ҳам ба шумо бо шубҳа чашм ало намекунад ва ҳуқуқ ҳам надорад!Агар ба муқобили шахс парванда накушода бошанд, полис ҳаргиз он фардро намедорад ва ҳуҷҷат намепурсад. Шояд барои ҳамин ҳазорон ҳазор мардум аз гӯшаву канори ҷаҳон, аз ҷумла, тоҷикон, ки барои таҳсил ё ҷаҳонгардӣ ба ИМА рафтаанду дигар ба ватан баргаштан намехоҳанд, дарин кишвар ғайриқонунӣ моҳҳо, солҳо ва даҳсолаҳо зиндагӣ доранд, зеро дар кӯчаву хиёбон ҳаргиз полис инсонро аз рӯи ранги пӯст намедорад. Садҳо нафар аз Тоҷикистонро медонам, ки барои таҳсил барои як, се ё шаш моҳ ба Ню Йорк ё дигар иёлат рафта, чор - панҷ сол ин сӯ «амрикоӣ» шуда, кору зиндагӣ доранд. Ҳатто шахсоне ҳам ёфт мешаванд, ки тамоми умр ғайриқонунӣ дар Амрико зиндагӣ доранд ва кор ҳам мекунанд ва чун ҷинояте аз онҳо содир нашуда, ин тарзи рӯзгузарониро бемалол идома медиҳанд!
Ман Амрикоро ба уқёнус монанд мекунам, ки дар он моҳиву моҳичаҳои беҳисоб аз дигар дарёҳо омада, ризқашонро ёфта, гаштаанду касе корашон нест.
Шояд хато кунам, вале аз назари ман танҳо дар се - чор ҳолат аз шумо ҳуҷҷат мепурсанд; пеш аз ҳама, агар ҷиноят содир кунед, дувум, бо мошини худ ба садама гирифтор ва савум, агаркасал шавед.
Полис ё милиса асосан дар баъзе мамолики собиқ Шӯравӣ ба чашм зиёд менамоянд. Масалан, Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи милиса ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад ва таҷрибаи нав – кушодани шӯъбаҳои милиса дар …деҳот ҷорӣ шудан дорад. Масалан, дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара аллакай шӯъбаи милиса фаъолият дорад. Дигар кишваре, ки милиса ба полис табдил шудааст, нақши бузург дорад, ин мамлакат Русия аст. Дар ин диёр полис бе ягон асос метавонад раҳгузарро дорад. Махсусан, муҳоҷир ва хоссатан, муҳоҷири тоҷикро боздошт менамоянд ва ғолибан кисаашро меафшонанд.
(Давом дорад)