Ороста Ниёзӣ, шоири тоҷики муқими Амрико
-
Назарҳо: 284
Ороста Ниёзӣ аз тоҷикони нисбатан матраҳтари муқими Амрикост. Агарчи дар матолиби қаблӣ нафарҳое муаррифӣ мешуданд, ки то ҳиҷрат ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷомеа то ҷое матраҳ буданд, аммо бо тавовут аз эшон Ороста Ниёзӣ қабл аз он ки аз кишвар биравад, мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои тоҷикистонию байналмилалӣ дар Тоҷикистон қарор гирифта буд.
Бале, исми шоири ҷавони Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 дар расонаҳо матраҳ шуда буд, аммо ҳич яке аз расонаҳо ба муаррифии комили ин бону напардохтааст. Зимнан пас муроҷиати “Тоҷикони Амрико” ба ӯ ба манзури дастрасӣ ба иттилооти марбути зиндагонияш дар Тоҷикистон Ороста Ниёзӣ майли чандоне ба суҳбат надошт ва аз ин рӯ сафаҳоте дар бораи зиндагии ӯ барои мо норӯшан монданд. Гузашта аз ин натиҷагирии мо дар ин хусус ин аст, ки ин шоири ҷавони тоҷики муқими Амрико хуш надорад, дар робита ба зиндагияш иттилоъ бидиҳад. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки расонаҳо ба ин паҳлуи масъала напардохта, балки ӯро ба унвони як бонуи соҳибандешаву соҳибкитоб ва эҷодкор мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд.
Ба навиштаи Исмоил Зарифӣ, шоири маҳалли тоҷик дар Панҷакент, Ороста Ниёзӣ чаҳоруми июли соли 1984 дар рустои Дарғи ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Ба навиштаи оқои Зарифӣ, ин бонуи тоҷик аз набераҳои Шарифи Ниёз, шоир ва муҳаққиқи Умари Хайём аст. Кутуби ӯ бо номҳои “Панҷаи нарми шамол”, “Аз сафари гиристанҳо”, “Муҳаббат бозмегардад”, “Даст бар захми куҳнаам магзор” ва “Дарвозабони ғам” ба табъ расидаанд. Пешгуфтори китобҳои ӯро шахсиятҳои маъруфи адабиёти муосири тоҷику форс назири Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Масъуди Сипанд ва Раҳмутуллоҳ Раҳимӣ навиштаанд.
Аз тариқи як барномаи телевизионӣ ба номи “Равзанаи умед” Кумитаи умури занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ороста Ниёзиро ба унвони як зане, ки эҷодкор аст ва аз дарди занони тоҷик мегӯяд, кашф кард. Тайи ин барномаи телевизионӣ Ороста Ниёзова аз машғулиятҳои худ хабар дод, ки кутима тасмим гирифт, аввалин китоби ӯро ба табъ расонад. Ҳамин тариқ аввалин китоби ӯ ба унвони “Панҷаи нарми шамол” ба табъ расид.
Гузашта ин Ороста Ниёзӣ дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфтааст, “буданд замонҳои мушкиле, ки фикр мекардӣ, замин аз зери поят меравад, қудрати бештаре барои таҳаммул кардани ин озмун набуд, ғаму андуҳ ҷонро ба дард меовард, ба ҳадде ки фикр мекардӣ, дар партгоҳе қарор дорӣ”. Ӯ мегӯяд, дар зиндагӣ бо нафарои зиёде ҳамсуҳбат шуда, ки дар гузашта ҳамнишинӣ бо онҳоро ҳатто тасаввур ҳам намекард.
Ӯ дар зимни эҷод ба мушкилоти занони зиндонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст. Ба назари ӯ, бисёре аз ҷиноёте, ки аз тарафи занон сурат гирифтаанд, ба хотири муҳаббат содир шудаанд. “Ба унвони мисол, яке аз заноне, ки зиндонӣ шудааст, ба миқдори зиёде пул қарз гирифтааст, то шавҳарашро дар шароити сахт кумак кунад. Ӯро ба иттиҳоми қаллобӣ зиндонӣ кардаанд, ҳарчанд пулро барои худаш нагирифта буд. Аммо шавҳараш ҳамагӣ барои як бор, замоне ки вай мехост, аз ӯ ҷудо шаваду бо зани дигаре издивоҷ кунад, назди ӯ омад”, - мегӯяд Ороста дар як суҳбаташ бо ВВС.
Аз ин рӯ ин зан талош намуд, то дар навиштаҳояш зиндагии занони зиндониро низ дар шакли назм ба риштаи тасвир бикашад.
Феълан Ороста Ниёзӣ муқими Калифорнияи Амрикост. Ӯ дар суҳбат бо “Фараж” гуфтааст, ки падараш вайро кумак кардааст, то Амрико равад. “Ман дар Амрико дар як кошонаи хурде бо ҳашт нафар кор мекунам, тарзи корбурди онро ҳам аз муассиса омӯхта будам. Ҳоло банди китобе ҳастам, ки рӯзҳои наздик бо ду хат (кирилӣ ва форсӣ) нашр мешавад”, - меафзояд ӯ дар суҳбаташ. Ин бонуи тоҷик мехоҳад китобхонаи дар хидмати хонандагони тоҷик дар Ватан қарор диҳад, ки мо низ дуо мекунем, то ҳадафҳои эшон амалӣ шаванд.
"Тоҷикони Амрико"