Найнавоз
-
Назарҳо: 162
Ҷаноби Билл Давни, савумин муовине буд баъди Эдмунд Маквиллямз ва Брэдфорд Ҳэнсон, ки соли 1996 ба кор омад. Эҳтироме, ки ба дуи аввал дорам, аллакай баён кардам. Билл аз ду муовини пешин ба куллӣ фарқ мекард. Агар бо ибораи дигар гӯем, мо бо аввалин амрикоии саддарсада ҳамкор шуда будем. Агар ҷанобон Ҳэнсону Маквиллямз аз фарҳанги шарқиёна огоҳ буданду дар муносибат бо ходимони таҳҷоӣ ин омилро ба инобат мегирифтанд ва мо ҳам дар навбати худ дар симои онҳо аз ҳамкор зиёдтар дӯст медидем ва ба онҳо наздиктар будем, ин гуна муносибати самимона дар муносибати мову Билл мушоҳида намешуд. Дигаронро намедонам, вале Билл аз рӯзҳои аввал ҳарчанд муомила ва эҳтироми заруриро дар муносибат риоя мекард, моро дар масофае аз худаш нигаҳ медошт. Агар гӯям, ки Билл моро барои муомила бо дипломатҳое, ки бо онҳо мо дар оянда мебоист ҳамкор мешудем, тайёр мекард, хатое намебуд.
Ӯ барои мо як пуле буд аз амрикоиҳои фарҳанги шарқиро медонистагӣ ё эҳсосмекардагӣ то ба амрикоиҳои воқеӣ, ки дертар бо онҳо сару кор гирифтем. Ба замми ин ӯ бо баъзе амалҳои ғайричашмдошт моро дар ҳайрат мегузошт, гӯё, гуфтанӣ мешуд, ки ҳайрон нашавед, ин хел амрикоиҳо ҳам ҳастанд. Билл бо мо дар чорчӯбаи муносибати сардору тобеъ муомила дошт. Дағал ё дурушт набуд, баръакс хоксорӣ нишон медод ва мисли дигарсардоронамон ӯ низ амрикоӣ будани худро таъкид намезад. Оиладор буду ҳамсараш ҳамроҳаш набуд,аммо дар канораш набудани оилааш баъзан эҳсос мешуд. Ба хаёлам, чун аҳли хонавода ба ёдаш мерасид, най менавохт.
Аммо сози ӯ ба найи муқаррарии тоҷикӣ монанд набуда, онро ба англисӣ«вagpipes» яъне, «халтанай» мегӯянду русҳо ба фикрам, «волынка» меноманд. Най дар зераш халтае дорад ва навозанда он халтаро бо нафасаш дам карда, зери оринҷ мегираду ба он фишор меорад ва ҳаво аз таъсири даст ба най мерезад ва муғаннӣ аз он най чӣ оҳанге хоҳад, мебарорад. Билл метавонист бо ин халтанай дар ҳар гӯшаи ғайричашмдошт ва ё ғайримуқаррарӣ пайдо шавад ва навозад. Масалан, ӯро метавонистед дар кабудизори пеши меҳмонхона дид, ки бо тамоми илҳом най менавохт. Аммо рӯзе Билл бо халтанайи худ дар … рӯи боми меҳмонхонаи чорошёнаи «Авесто» пайдо шуд ва дар он ҷо менавохт. Албатта, раҳгузарон, баъзе ҳамкорони мо ва ҳатто намояндаҳои сафорати Федерасияи Русия, ки мисли амрикоиҳо дар ин меҳмонхона фаъолият доштанд, ин навозандаи ғайриоддиро дар болои бом дида, сар меҷунбониданд.
(Давом дорад)