Loading color scheme

Шаҳрдори Душанбе хона-музейи Садриддин Айниро ҳифз кард

Назарҳо: 157

Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона-музеи Садриддин Айнӣ тахриб нашавад, хабар дод дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр.

Ӯ бо нашри як баёния гуфтааст, ки хона-музейи Садриддин Айнӣ тахриб ва кӯч дода намешавад.

Хона-музейи нависанда, олим, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нахустин президенти Академияи илмҳо ва Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Шаҳрдорӣ таъкид кардааст, ки Рустами Эмомалӣ бо дарназардошти пешниҳоду дархостҳои як идда донишмандону адибони кишвар дастур додааст, ки хона-музейро тахриб накарда, балки амнияти минбаъдаи он таъмин намоянд.

“Тоҷикони Амрико”