Рустам Маҷидов ва “ТаҷТек”-и ӯ дар Амрико
-
Назарҳо: 254
Рустам Маҷидов яке аз дигар тоҷикони муқаффақ дар Амрикост, ки дар шаҳри Ню-Йорки ин кишвар зиндагӣ менамояд. Ҳарчанд ӯ дар суҳбат бо ТА аз гуфтани баъзе ҷузъиёт ба далоили марбут будани суолҳо ба худи шахс худдорӣ кард, аммо ба бархе суолҳои дигар посух гуфт.
Ӯ таҳсилдидаи макотиби ҳамагонии шаҳри Душанбест. Донишгоҳро ҳам дар дохили кишвар ва риштаи иқтисодиро хатм кардааст. Мавсуф ҳиҷаташро ба Амрико тасодуфӣ медонад. Бидуни барномаи хосе барои ҳиҷрат ба ин кишвар рафта, онро “як омади кор” мешуморад.
Шуғли Рустам Маҷидов дар Амрико муҳандиси барномасозӣ аст. Ба гуфтаи вай, ӯ ба унвони муҳандис – барномасоз дар чандин ширкати амрикоӣ фаъолият кардааст. Ба унвони мисол, ӯ дар суҳбат бо мо аз фаъолияташ дар Бунёди захиравии федералии Ню-Йорк (Federal reserve fund of NY) ёдоварӣ намуд. “Ҳоло мутахассиси пешбар (senior) ҳастам. Ғайр аз ин маркази омӯзишии “ТоҷТек”-ро ба роҳ андохтаему метавон гуфт, ин дастоварди муҳимест, ки дар Амрико доштаам”, - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Қаблан дар зимни муаррифии ин марказ дар Амрико гуфта мешуд, ки “ТаҷТек” давраҳои омӯзишии семоҳаеро дар соҳаи саноати технологияи иттилоотӣ роҳандозӣ кардааст, ки барои кумаки корҷӯён дар Амрикост.
Дар ҳамин ҳол Рустам Маҷидов мегӯяд: “Метавонам ба боварӣ гӯям, ки ҳар шунавандаи ин давраи омӯзишӣ як дастоварди ман ва тими “ТоҷТек” аст. Ба қавли ӯ, шогирдонаш имрӯз дар идороти гуногун ва вазифаҳои гуногун, аз идороти хусусӣ то давлатӣ дар соҳоти мухталифе чун технологию пизишкӣ, омӯзишӣ ва иқтисодӣ ва ғайра кор мекунанд. “Аксари онҳо пеш аз давраи омӯзишии мо таҷрибаи кор дар соҳаи ИТ надоштанд ва ҳоло дар сатҳи мутахассиси миёна (medium) ва пешбар (senior) фаъолият фаъолият мекунанд”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ин тоҷики муқими Амрико мегӯяд, баёни шумораи дарстпарварони марказ гувоҳ бар мувафаққии марказ аст: 97 фоизи шогирдонамон ба кор баромаданд, се ҳафта муҳлати миёнаи пешниҳоди кор, 107.200 маоши солонаи миёнаи шунавандагони давраи мо.
Ба назари ӯ, се моҳи омӯзиш ва дарс зиндагии коргари оддии як хонавода (home attendant) ё ронандаи “Uber”-ро тағйир медиҳад.
“Тоҷикони Амрико”