Далер Ғуфронов. Ӯ муваффақ буд ва муваффақ хоҳад монд
-
Назарҳо: 186

Бешак, Далер Ғуфронов аз рӯзноманигорони муваффақи насли ҷадиди Тоҷикистон аст. Ӯ ба унвони як донишҷӯи фаъол ҳанӯз замони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон вориди рӯзноманигории амалии кишвар шуд. Ин замоне буд, ки рӯзномаҳои ғайриҳукуматие ба мисли «Одаму олам», «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва дигар ҳафтаворҳои ҳизбӣ дар авҷи фаъолият буданд. Маҳз дар ҳамин шабу рӯз буд, ки Далер Ғуфронов по бар арсаи журналистикаи амалӣ аз тариқи матбуот гузошт.
Далер Ғуфронов мутаваллиди 24 ноябри соли 1983 аст. Ӯ хатмакардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аст. Ин риштаи ДДМТ-ро Далер Ғуфронов соли 2007 хатм кардааст.
Ӯ пас аз хатми донишгоҳ ба унвони як рӯзноманигори ҳирфаӣ хуб дурахшид, зеро тавре дар боло гуфтем, ҳанӯз замони донишҷӯӣ худро бо рӯзноманигории амалӣ пайванд карда буд. Оқои Ғуфронов дар солҳои 2005-2006, замоне ки донишҷӯи ДДМТ буд, ба ҳайси котиби масъули маҷаллаи “Адаб” фаъолият мекард. Аммо соли 2006 ба фаъолияти хабарнигорӣ дар гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, яке маҷмаи расонаии муваффақ, бахусус бо забонҳои русию пардохт ва то соли 2009 дар ин гурӯҳ фаъолият кард.
Баъдтар, дар соли 2010 Далер Ғуфронов “Элита”-ро таъсис дод. Ин маҷалла то соли 2016 дар Тоҷикистон бо кафияти хосе ба табъ мерасад ва ба гуфтаи ноширу сармуҳаррираш, минбари нухбагони Тоҷикистон буд. Дар солҳои баъдӣ Далер Ғуфронов ба ҳайси проект-менеҷери Клуби соҳибкорони ҷавон (2016-2017) ва креатив-менеҷери Бизнес-инкубатори Тоҷикистон (2018) фаъолият кард.
Далер Ғуфронов барандаи ҷоизаи “Беҳтарин маводи таҳқиқотии сол” (2008) аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо эълон шуда, ношири беш аз 10 номгӯи асарҳо дар масъалаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг ва сиёсат низ ҳаст.
Ахиран ӯ барандаи корти сабзи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд ва феълан дар ин кишвар зиндагӣ мекунад. Ӯ дар суҳбат бо «Тоҷикони Амрико» ҳадафаш аз ҳиҷратро «оғоз кардани зиндагии сифатан нав» унвон кард.
Ин рӯзноманигори тоҷики муқими Амрико мегӯяд, феълан яке аз муассисони Маркази фарҳангии “Насли нави тоҷикон” дар шаҳри Ню-Йорк (2020, ИМА) ва ҳамзамон муассиси ширкати тиҷоратӣ дар соҳаи ҳамлу нақл низ ҳаст. Ҳамчунин вай иштироки фаъол дар пешбурди ташаббусҳои фарҳангии Маркази “Насли нави тоҷикон” дар Амрико, саҳмгузорӣ дар рушду ташаккули ҷамъияти тоҷикони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва густариши фаъолияти тиҷоратии худро аз аҳдофи худ дар ҳиҷрат медонад.
Ӯ мегӯяд: «Иқдоми созмон додани “Тоҷикони Амрико” воқеан актуалист». Ба қавли Далер Ғуфронов то кунун платформаи воҳиде мавҷуд нест, ки симои тоҷикони Амрикоро ба таври фарогир нишон дода тавонад. «Тайи 20 соли ахир як қишри муваффақи ҳамватанони мо дар сартосари Амрико қад алам кардаанд, ки муаррифии онҳо баҳри тақвияти муттаҳидӣ ва таҳкими ҳамкориҳояшон кори басо савобе хоҳад буд», - афзуд Далер Ғуфронов.
Бале, мо ҳам дунболи ҳамон иқдоме ҳастем, ки ин рӯзноманигори тоҷик мехоҳад. Дари муаррифии мо барои ҳар тоҷики муқими Аврупо боз хоҳад буд. Мо хоҳони муваффақияти ҳарчи бештари тоҷикон ҳастем ва ҳамеша дар ҷиҳати муаррифию даъват ба иттиҳоди онҳо талош хоҳем кард.
"Тоҷикони Амрико"