Истироҳати дусоата
-
Назарҳо: 190

Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя)
Истироҳати дусоата
Ҳамин тавр, ҷаноби Маквиллямз маро табрик гуфт ва ман аз 7 майи соли 1993 дар сафорат фаъолият шурӯъ кардам ва ҳар рӯз ду соат истироҳат доштам, ҳарчанд расман аз соати 12 то 13 бароям соати корӣ буд, зеро дар ин замон ҳам амрикоиҳо ва ҳам ҳамкоронам ғизо мехӯрданд ва барои ман фаъолияте набуд, аммо соати 13 ба масҷид мерафтам.
Дар тӯли тамоми ин солҳо ягон амрикоӣ барои ба масҷид рафтани ман монеь ҳам нашуд, ба ҷуз як бор ки дар соли шонздаҳуми корам рух дод, ки дертар дар бораи он алоҳида ҳарф хоҳам зад. Мабодо ба ягон намоз ба масҷид дер мекардам дар ҷойи корам мехондам. Ва боре ҳам барои ибодат дар ҷойи кор аз амрикоиҳо рухсат напурсидам ва ё нафаре аз ишон барои иҷрои фарз дар коргоҳ ҳарфе гуфта бошад Барьакс ягон - ягон нигоҳи норозиёнаи ҳамкорони тоҷикистониамро эхсос мекардам вале аз сабаби он ки амрикоиҳо ба ман эроде намегирифтанд, ҳамкоронам низ пас аз як-ду моҳ ба намозхониам дар ҷойи кор таҳаммулпазир гардиданд. Дар тӯли фаьолият ягон бор ман намозамро дар сафорат қазо накардам.
Вақте ба маьмурият ба ноҳияҳо мерафтем, худи амрикоиҳо махсусан, ҷаноби Маквиллямз, баъзан бо ишора ба соаташ таькид мекард, ки вақти намозат мегузарад. Борҳо шуда, ки сари роҳи Кӯлоб ё Рашт ман пушти мошини дипломатӣ ҷойнамозро партофта, ибодат мекардаму сардори амрикоиам дар кӯча, каме дуртар аз ман ботаҳаммул маро интизор мешуд ва мардуми раҳгузари маҳал ин ҳолатро дида, баьзан баъди салот аз ман мепурсиданд, ки амрикоӣ ба намоз кораш нест.
Соли 2007 бо ҳамкори амрикоиамон хонум Уин Тэнг ба Бадахшон сафари хидматӣ доштем ва таҳияи ҷадвали вохӯриҳо дар ин вилоят ба ӯҳдаи ман буд ва мулоқоти рӯзи ҷумьаро ба ноҳияи Мурғоб гузоштам, зеро дар он ҷо ҳам масҷиди ҷумьахон буд. Дар назари ман менамуд, ки Уин назар ба дигар хонумҳои амрикой хоксоронатар либос мепӯшид ва, умуман, инсони ботамкину оромтабиат буд ва шояд сабабаш дар он, ки ӯ ба мардуми Шарқ решапайвандӣ дошт. Бегоҳи панҷшанбе аз ронандаи ботаҷриба ва инсони хеле самимии сафорат Назархон илтимос кардам, ки рӯзи дигар барвақттар ба роҳ бароем, то ки ман ба намози ҷумъа дар масҷиди шаҳраки Мурғоб расам. Назархон розӣ шуд ва пас ризоияти Уинро ҳам гирифтам ва қариб соати шаши субҳ ба роҳ афтодем ва ба шаҳраки Мурғоб то вақти намози ҷумъа расидем. Масҷид каме аз маркази ноҳия дуртар будааст ва барои он ки дер накунам, маро бо мошини сафорат расониданд ва то вузӯ гирифта, намоз хонда баромаданам назди хонаи Худо Уин ва Назархон маро интизор нишастанд.
Акнун тасаввур кунед, ман дар муассисаи Тоҷикистонам ва аз сардор мепурсам, ки барои дер намонданам маро бо мошинаш то масҷид расонад ва то намоз хондан дар масҷид расонад ва то намоз хондан дар назди масҷид интизорам шавад...
Тасаввур кардед?
Бовар дорам, табассум дар лабонатон давид.
Баста ба ибодат як воқеаи аҷиб аз ёдам намеравад. Соли 1994 бори аввал ба таълимгоҳи Департаменти давлатии ИМА ба таҳсил рафтам. Як рӯз гурӯҳи тахмин бистнафараи иштирокчиён, ки аз сафоратхонаҳои Амрико дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд оварда буданд. Роҳбари гурӯҳамон ба мо сохтори департамент ва тарзи кори онро нишон медод ва дареро боз карда, гуфт, ки дар ин дафтар Котиби давлатӣ, яъне Вазири корхои хориҷӣ Воррен Кристофер (солҳои 1993 – 95 дар ин мансаб буд) менишинад. Ва воқеан ҳам худи Котиби давлатӣ дар ҷояш будааст. Шояд роҳбари мо гумон дошт, ки шахси аввали Департаменти давлатӣ дар маъмурият аст. Ӯ зуд дарро баста, аз мо бо табассум узр пурсид. Ман, ки нав бо амрикоиҳо кор мекардам, гумон доштам, лаҳзае пас ҷаноби Кристофер мебарояду ба сари роҳбари гурӯҳамон дод мезанад, ки ба ту кӣ рухсат дод, дари идораи Вазири корҳои хориҷиро бе рухсат боз кунӣ, аммо ин тавр нашуд.
Дар омади гап ҳаминро ҳам бояд таъкид кунам, ки дар тӯли ин солҳо ягон бор амрикоӣ ба сари ман ё дигар нафар дар ҳузури ман дод назад, ҳарчанд дар рафтори ман буданд сабабҳое, ки агар роҳбарам тоҷик мешуд, ба фикрам, чӣ хеле мегӯянд, дар сарам чормағз мешикаст.
Пас аз он муаррифии идораҳо идома ёфт. Вақти намози аср расида буд ва аз ин сабаб аз роҳбаладамон пурсидам, ки агар тавонад, барои пайдо кардани ҷойи поке барои намозхонӣ мададам расонад. Гуфт, ки ба кадом ҳуҷрае, ки дар он ҷойи холӣ бошад, метавонам, даромада, бемалол салот гузорам. Ва дари яке аз ҳуҷраҳоро яла кардам, ки рӯи фарш... ҷойнамозе густурда.
Ин ҷо боз як нуктаи муҳимро бояд гуфт. Мувофиқи низомномаи Департаменти давлатӣ, барои кормандони сафорат дар бинои он ибодатгоҳ (номи расмиаш Рraying room, яъне, намозхона) ҷудо мекунанд.
Чунин макон, яъне, масҷид дар Сафорати ИМА дар шаҳри Даккаи Бангладеш ҳаст, ки ман дар он ҷой якҷоя бо кормандони сафорат ибодат мекардам ва аз рӯи шунидам чунин хонаи ибодат дар бинои Сафорати ИМА дар Тошканд ҳам ҳаст. Соли 2009 ман ҳам рӯйхати намозхонҳои сафоратро ҷамъ оварда, барои ҷудо кардани намозхона назди мудири бахши маъмурии сафорат, ки марди болобаланди зардина буд, рафтам. Он амрикоӣ нохост гуфт, ки ӯ ҳам мусулмон аст ва бояд хонаи ибодат дар сафорат бошад, вале чунин имконият алъон нест ва вақте ҷойи холӣ пайдо кунем, албатта, ин дархост қонеъ карда мешавад. Аммо як ҳамкори тоҷикистониамон, ки вазифаи сарвари кормандони таҳҷоиро дошт, ба ин фикри мо дигар тобиш дод ва бо оҳанги норозиёна гуфт, ки агар намозхонҳо ҷудо шуда, дар ҷое ибодат кунанд, он гоҳ дар хаёли амрикоиҳо боз ақидае пайдо нашавад, ки ин гурӯҳ нияте дорад...
Чунин аст фарқи тафаккури мову амрикоиҳо!
Воқеан, як орзӯи асосии ман ҳамин буд, ки дар масҷиди сафорат намоз хонам. Афсӯс, ин ният амалӣ нашуд ва ман аз аҳли ибодати сафорат, ки аз бист нафар зиёд буданду шояд солҳои наздик боз шумораашон афзудааст, мехоҳам, ки ақаллан мисли кормандони Сафорати ИМА дар Тошканд аз роҳбарияти сафорат ҳакки қонунии худро талаб кунанд, зеро чаро барои варзиш ҷой меёфтаанду барои ибодат не?!
Амрикоиҳо на аз рӯи муҳаббат ба ман ё нафари дигар рухсати ибодат медиҳанд, балки онҳо ҳуқуқ ва озодии инсонро эҳтиром мегузоранд, зеро дар байни ҳуқуқҳои инсон аз ҳама баландтарин ин ҳуқуқи динӣ мебошад!
(Давом дорад)