Иёлоти Муттаҳида сақичеро таҳия кардааст, ки коронавирусро безарар мегардонад
-
Назарҳо: 175
Озмоишҳои клиникӣ барои санҷиши бехатарии сақич дар одамон гузаронида мешаванд.
Сақиче, ки хатари гузариши коронавирусро аз одам ба одам коҳиш медиҳад, аз ҷониби олимони Донишгоҳи Пенсилванияи Иёлоти Муттаҳида таҳия шудааст. Дар ин бора торнамои донишгоҳ интишор кардааст.
Аз ҷумла олимон бо оби даҳони одамони мубталои коронавируси SARS-Cov-2 таҷрибаҳо анҷом дода ва ба прототипҳо протеини ACE2-ро, ки дар лаборатория парвариш карда шудаанд дар сақич илова карданд. Муайян карда шуд, ки ин сафеда барои кам кардани сарбории вирусӣ дар оби даҳони беморон кӯмак мекунад. "Вирус, ки бо оби даҳон паҳн мешавад ва мо медонем, ки вақте шахси сироятшуда атса мезанад, сулфа мекунад ё гап мезанад, вирус паҳн мешавад ва ба бадани дигарон ворид мешавад", - гуфт роҳбари тадқиқот, Ҳенри Даниел.
Олимон мегӯянд, ки таҳқиқот ҳанӯз дар марҳилаи аввали худ аст. Барои санҷидани бехатарӣ ва самаранокии сақич дар одамон таҳқиқоти клиникӣ ҳанӯз анҷом дода нашудаанд.
"Тоҷикони Амрико"