Дар Мазори Шарифи Афғонистон консулгарии Русия баста шуд
-
Назарҳо: 136
Консулгарии генералии Русия дар Афғонистон Мазори Шариф то дақиқ шудани вазъ баста шуд
Сафорати Русия дар Кобул муҳофизат карда мешавад. Бинобар вазъи душвори Афғонистон нақшаи эвакуатсия вуҷуд надорад ва айни ҳол консулгарии генералии Русия дар Мазори Шариф муваққатан корро қатъ кардааст, гуфт намояндаи дипломатии Русия.
Қаблан фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ, раҳбари миссияи кӯмаки СММ ба Афғонистон, Дебора Лионс гуфта буд, ки аз аввали моҳи май Толибон аз 370 минтақаи Афғонистон 50-тоашро забт карданд, дар ҳоле ки нерӯҳои ИМА ва НАТО кишварро тарк мекунанд.
Маъмурияти ИМА тарки Афғонистонро аз 1 май оғоз кард ва то 11 сентябр ваъда дод, ки хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистонро дар ҳамоҳангии комил бо муттаҳидин ба анҷом мерасонад. Дар соли 2020, Вашингтон ва мақомоти Толибон нахустин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг дар Доҳа имзо карданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
"СА"