Теъдоди қурбониёни ярч дар Ҷопон ба чаҳор нафар расид
-
Назарҳо: 124
Теъдоди қурбониён дар маҳалли ярчи шаҳри Атами Ҷопон ба чаҳор нафар расид, гузориш медиҳад бахши маҳаллии телевизиони Асахи бо такя ба мақомоти маҳаллӣ.
Қаблан дар бораи марги се нафар хабар дода шуда буд. Рӯзи душанбе марги як нафар сабт шуд, ки қаблан дар зери харобаҳо дар маҳалли ярч бо кафидани дил ва шуш пайдо шуда буд.
Тақрибан соати 10-и субҳи рӯзи шанбе дар шаҳри Атами, префектураи Сидзуока, дар ҷанубу ғарби Токио, ярчи пуриқтидор ба замин фаромад. Амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар минтақаи офат идома дорад. Онҳо тавонистанд 23 нафарро наҷот диҳанд. Бар асари ярч тақрибан 130 хона тахриб шудааст. Тибқи ҳуҷҷатҳо, дар минтақаи офатзада 215 нафар зиндагӣ мекарданд, ки то ҳол аз нисф зиёди онҳо тамос гирифтаанд, мақомот кӯшиш доранд, ки макони будубоши 80 нафарро муайян кунанд.
"СА"