Loading color scheme

Ҳазорон ғолиби корти Сабз алайҳи маъмурияти Байден ба додгоҳ шикоят бурданд

Назарҳо: 219

Ҳазорон нафар ғолибони лотереяи корти сабз аз саросари ҷаҳон бо сабаби пандемияи COVID 19 ва имкони аз даст додани раводидашон ба Амрико  алайҳи маъмурияти президенти ИМА, Ҷо Байден ба додгоҳ муроҷиат карданд, менависад  Euronews.

Изҳороте, ки дар Твиттер аз номи вакили дифоъи даъвогарон, Куртис Моррисон омадаст, ки шикоят аз номи беш аз 24 000 нафар аз 141 кишвар навишта шудааст.

"Ман хеле шодам ва эълом мекунам, ки мо аз номи 24.089 даъвогар ба Суди ноҳияи Округи Колумбия шикоят бурдем" навиштааст ӯ.

Ғолибон метарсанд, ки онҳо имкони ягонаи бунёди ҳаёт дар Амрикоро бо сабаби даст кашидани ИМА аз баррасии дархостҳои раводид аз даст медиҳанд.

«Ман пас аз сафари корӣ ба барнома муроҷиат намудам. Ба ман Иёлоти Муттаҳида маъқул аст ва хоҳиш дорам боқимондаи ҳаётамро дар он ҷо гузаронам, - гуфт як даъвогари турк.”

"Ман ғолиб шудам, аммо ҳоло чунин ба назар намерасад, ки ин ғалаба буд" - гуфт духтаре, ки нахост номаш ифшо шавад, зеро метарсад, ки ин метавонад ба раводиди ӯ таъсир расонад.

"Ин як лотерея буд аммо мо бояд дар ҳақиқат ғолиб шавем ва барои ҳамин ба додгоҳ муроҷиат мекунем" - гуфтанд даъвогарон.

- Мо дар хонаҳои худ ҳастем ва то ба ҳол ягон мусоҳиба надорем. Ҳис мекунем, ки орзӯи амрикоии мо пажмурда шуда истодааст. "

 Ҳар сол Иёлоти Муттаҳида бо мақсади мусоидат ба гуногунрангӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба муҳоҷирони тамоми ҷаҳон тавассути лотерея то 55,000 корти сабз медиҳад.

Раводиди дар натиҷаи бурдҳо гирифташуда мӯҳлатҳои қатъӣ дорад. Агар шумо мӯҳлати гирифтани тасдиқро аз даст диҳед, метавонед имконияти мувофиқи барнома ба ИМА кӯчиданро комилан аз даст диҳед.

Ба ҳазорон нафар дорандагони раводиди 2020 иттилоъ додаанд, ки имкони вуруд ба ИМА ба поён расидааст ва ба ин хотир бо ҳукумати ИМА дар додгоҳ мубориза мебаранд, то ин кишвар қарори худро бекор кунад.

Даъвогарон иддао доранд, ки онҳо ба далели он ки консулгариҳои Иёлоти Муттаҳида дар саросари ҷаҳон  аз баргузории мусоҳиба сарпечӣ кардаанд ва аз ҳаққи гирифтани раводид маҳрум шуданд.

Онҳо инчунин мегӯянд, ки қарори охири Департаменти давлатӣ дар бораи афзалият додани баррасии дархостҳои ғолибон имкони саривақт гирифтани раводидро номумкин мекунад.

"Департамента лотереяро қадр мекунад ва бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадиди амалиётӣ ва пандемияи COVID-19 ҳарчи бештар дархостҳои раводидро баррасӣ мекунад", - омадааст дар изҳороти Департаменти давлатӣ.

"Бо вуҷуди ин, шумораи раводидҳо дар категорияҳои афзалиятноки пасттар ё  барномаҳое ба монанди лотерея дар соли 2021 ба ҳадди ниҳоии қонун наздик нахоҳанд шуд", - гуфта мешавад дар он.

Дар додгоҳ таъкид шудааст, ки ИМА бояд ба ғолибони лоторея дар баробари дигар довталабони раводид афзалият диҳад.

 

“ТА”