NY Post: нимпайкараи Флойд дар Ню Йорк рангпошӣ шудааст
-
Назарҳо: 173

Бино ба гузориши New York Post, нимпайкараи Ҷорҷ Флойд дар майдони Иттиҳоди Ню Йорк бо ранг пӯшонида шудааст.
Ба навиштаи рӯзнома, ҳодиса тақрибан соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Қайд карда мешавад, ки як шахси ношинос дар скейтборд ба назди нимпайкараи Флойд омада, рангҳои хокистарӣ пошида, нопадид шудааст.
Полис дар ҷустуҷӯи вайронкор аст.
Рӯзи 8 сентябр дар шаҳри Ричмонд дар иёлати Вирҷинияи ИМА мақомот муҷассамаи фармондеҳи артиши Иёлоти Конфедератсияи Амрико генерал Роберт Лиро аз байн бурданд.
"ТА"