Loading color scheme

Муҳибуллоҳ Қурбон: Дар Сафорати Амрико ва берун аз он (силсилаҳикоя)

Назарҳо: 241

(Давомаш. ҚИСМАТИ 7)

Аввали июли соли 1998 аз Амрико ба Душанбе тавассути Русия бармегаштам, зеро тахмин чил соли охир орзӯ доштам, шабҳои сафеди рӯзмонанди шимоли Русияро як бор бо чашми худ бубинам ва соати сеи шаб дар кӯчаҳои ба рӯз монанди ягон шаҳри шимоли ин сарзамин қадам занам.   Бинобарин аз Маскав рост ба шаҳри Мурманск, ки он ҷой пайвандон буданд, тавассути қатора рафтам ва хешонам маро пешвоз гирифтанд.  

Соати 11-и шаб ба ҷангал рафтем ва дар он ҷо палав пухтем.   Аҷаб манзараву аҷаб ҷойҳое!Соати 12-и шаб ош хӯрдем ва соати яки шаби Мурманск ба мисли соати панҷи бегоҳии мо шабоҳат дошту Офтоб, ба ибораи халқӣ «як қади сафедор» аз Замин баланд буд.   Ҳамон шаб нахобидам.   Дар кӯчаҳои шаҳр, чи тавре ки орзӯ мекардам, қадам задам ва манзараи аҷиб буд; мардум равуо доштанду ҳис намешуд, ки соат сеи рӯз ё шаб (намедонам кадом калима дуруст, зеро шаб гӯям, Офтоб буду рӯз гӯям, шояд наваддарсади мардум хоб) аст.  

Айнан чунин манзара; кӯчаву хиёбонҳои пуродамро дар шаҳри Дубай соати яки шаб чанд сол пеш мушоҳида карда будам, ҳарчанд он ҷо шаб шаб буду рӯз - рӯз.   Соати ёздаҳи шаб дар хонаи як дӯстамон нишаста будем ва кадоме аз руфақо ба манзили тоҷики дигари муқими ин шаҳр занг зад ва пас аз муколамаи телефонӣ ба мо гуфт, ки хезед, меҳмонӣ меравем.   Ман, ки бори аввал дар Аморат будам, дар ҳайрат зада, пурсидам, ки шумо ҳазл доред.   Наход соати ёздаҳ ё дувоздаҳи шаб одам ба меҳмонӣ равад? Дӯстон табассум заданд ва гуфтанд, ки гапро бисёр накуну бархез.   Ва ба он манзил соати қариб 12-и шаб ба меҳмонӣ рафтем ва соати яки шаб ғизо хӯрдем.

Баъд фаҳмидам, ки Дубай шаҳри шабона ҳам будааст ва аз сабаби он ки ҳавои рӯз доғ аст, рисолаташро ба шаб «гузаронида», бисёр муомилаву тиҷорат шабона ҳам идома доштааст.

Рӯзи 4 июл бо табъи болида, ки ба як орзӯи ҷавонӣ расидам, аз шаҳри Мурманск ба Маскав баргаштам ва чун аз қатора берун шудам, милиса «пешвоз» гирифт ва суолу ҷавобу ҳуҷҷатпурсӣ сар шуд.   Воқеан, ман қоидаи мусофиратро, ки мувофиқи он аҷнабӣ дар Русия аз се рӯз зиёд бе номнавис дар идораҳои маъмурӣ истода наметавонад, риоя накарда будам, зеро аллакай рӯзи чорум дар ин кишвар ҳузур доштам.   Ҳарчанд гуфтам, ки раҳгузарам ва фақат як рӯз зиёдтар меистам ва барои як рӯз номнавис кардан маъно надорад, қабулам накард.   Гуфтам, агар ин хел бошад, маро ба милисахона баред, шояд сардоратон маро беҳтар фаҳмад.   Не, гуфт ва ишора ҳам зад, ки агар аз Амрико баргашта бошӣ, бо худ, албатта, дастовез ҳам дорӣ.   Маҷбур шудам, як соати дастиро диҳаму бираҳам…

Ин гуна муошират бо полиси амрикоӣ рух намедиҳад ва агар мабодо шуморо дар асоси ҳуҷҷат ҳамчун гумонбар боздошт ҳам кунанд,ришва намегиранд…

Ҳамин тавр, амрикоиҳо дар муқоиса бо мардуми мо хеле дер ба шавҳар мебароянд ва зан мегиранд.   Агар гӯем, ки амрикоии миёна дар синни 27 - 28 хонадор мешавад, саҳве аз мо намегузарад.   Зеро на танҳо амрикоӣ, балки аксари миллатҳои ҷаҳон пеш аз он ки зан гиранд, аввал мехонанд ё касб ёд мегиранд, ҷойи кор меёбанду масъалаи манзилро ҳал мекунанд ва аз ҳама муҳимаш пул меёбанд ва баъд зан мегиранд.   Аксари амрикоиҳо худашон хонадор мешаванд, маблағ ва дигар захираҳои волидонро кам истифода мекунанд.

Онҳо метавонанд бо… қарз зан гиранд ё ба шавҳар бароянд.   Дар Амрико ба гирифтани қарз ё кредит аз ҷавонӣ одат мекунанд ва аксар солҳои зиёд дар қарз зиндагӣ мекунанд.   Чанде пеш хондам, ки ҳатто аз мағоза (аз калимаи «ғизо» аст ва бояд танҳо дӯкони хӯрокворӣ бошад, аммо дар мо баъзан дар тоқи фурӯшгоҳи ҷиҳоз ҳам «мағоза» менависанд) ҳам хӯроквориро ба кредит мегирифтаанд, зеро гирифтани қарз бидуни коғазбозиҳои зиёд тавассути роҳи кӯтоҳтарин сурат мегирад ва судаш (просент) ҳам хеле паст аст.

Боре як ҳамкори амрикоӣ ним ҷиддӣ ва ним шухӣ гуфт, ки ман аз ӯ зиёдтар маъош мегирам. Дар ҳайрат задам, зеро шояд вай аз ман чор - панҷ бор баландтар моҳона мегирифт.   Ва ӯ тааҷҷуби маро пай бурда, ба ангуштхобонӣ сар кард: «Якум, чанд дарсади пулам ба пардохти қарзи донишгоҳ меравад, дувум, барои қарзи хонаам як маблағи муайян месупорам, савум, мошини навхаридаам ҳам бо кредит аст.   Ман бояд бист сол қарзи ҳавлӣ ва даҳ сол қарзи донишгоҳро пардохт кунам…»

Дар мо чӣ?

Дӯсти ҳамсоле дорам дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва ҳар бор равам,вомехӯрем.   Боре чун ба деҳа рафтам, ӯ маро ба маъракаи писари ҳаждаҳсолааш, ки зан мегирифт, даъват кард.   Дар ҳайрат задам, ки домодшаванда касб надорад, мактаби олӣ ё коллеҷро нахондааст, чӣ будани оила ва оиладориро намедонад, чаро зан медиҳад.   «Вай  мардак шудааст…» - буд ҷавоби падар.  

Имрӯз он писар қариб ба сӣ расида, соҳиби ду фарзанд аст ва дар Русия зиндагӣ дораду дар ду - се сол як бор ба деҳа ба дидори зану фарзандонаш меояд ва як моҳ меистад ё не, боз ба муҳоҷират бармегардад.   Шаҳрвандии он кишварро гирифтааст ва аз рӯи гапи ҳамсояҳо дар он ҷо зану фарзанд ҳам дорад.   Дар сафари охиринам ба деҳа он дӯстамро аз дур дидам, ки аз дасти набера дошта, ба мағоза барои харидани ширинӣ мерафт.   Наздаш рафтам ва бо ҳам пурсупос кардем, вале аз писараш ҳарфе назадам, зеро медонам, дарднок аст барояш, ки дар домони пирӣ масъулияти таъмини оилаи фарзанд ба зиммаи ӯ афтода.

Ва худ ба худ мегӯям, ки наход мардак шудан сабаби издивоҷ гардад!

Издивоҷи хом ва издивоҷи тақлидӣ!

Вақте духтари шонздаҳсолаашонро ба шавҳар медиҳанд ва ё писари ҳаждаҳсоларо хонадор мекунанд, мекӯшам, ба волидайни онҳо таъсир расонам, ки ин кор саросемагист, аммо зуд ҷавоби қолабии тайёрро бароям мегӯянд:«Бобову бибиаш пир шудаанд, бояд ормон шикананд.  Ҳол он ки бобову бибӣ ҷашни даҳҳо фарзандону набераҳоро аз ин пештар дида, армон шикаста буданд, бинобарин дар ин кор набояд саросема шаванд, зеро чӣ хеле гуфтем, онҳо барои оиладорӣ омода нестанд ва баъди се - чор сол ва аз ҳамдигар безор мешаванду оилаҳо вайрону ятимон бисёр… Афсӯс, вақте чунин ҳарфҳо мегӯям, пай мебарам, аз ман меранҷанд.  

Охир, имрӯз бобову бибиаш ормон мешикананду пагоҳ ҷавонони хом - оила!Шояд барои ҳамин дар ҷумҳурӣ шумораи талоқ зиёд шудан дорад.

Бахшиш, андак дур рафтем, ба дипломатҳои муҷаррад бармегардем.   Ҳамин тавр, зиёда аз ними амрикоиҳо, ки ҳамроҳашон кор кардаам, хонадор набуданд, ҳарчанд синнашон аз сӣ то ба панҷоҳ мерасид.   Дар назари ман сабаби муҷаррад мондани онҳо дар он аст, ки ишон ҳаёти кӯчӣ доранду аз ин давлат ба он, аз як қитъа ба дигар мераванд ва на ҳар зан розӣ мешавад, ки ҳамроҳи шавҳар ва на ҳар шавҳар ҳамроҳи зан ба сарзамине, ки фарҳанги дигар, шароити зисти дигар ва ё иқлими дигар дорад, равад.   Ин ҷо боз ҳамон омили «ҳаёти маҳрамонаи шахсӣ» низ нақш мебозад; яъне, зан шавҳарро ва шавҳар занро наметавонад барои ба фалон сарзамин ҳамроҳ рафтан маҷбур созад.  

Боз як масъалаи муҳимро, ки барои оиладор шудани дипломатҳо халал мерасонад, бояд таъкид кард.   Онҳо ҳам мисли ҳар як падару модар мехоҳанд фарзандонашон дар макотиби хуб таҳсил кунанд ва зери назораташон бошанд, аммо, тасаввур кунед, онҳо ба кишваре мераванд, ки мактаб аз рӯи он меъёрҳое, ки амрикоиҳо мехоҳанд, вуҷуд надорад ва ё ноамн аст, бинобарин ҳар дипломат пеш аз оиладор ё бачадор шудан ин садду мушкилаҳоро ба инобат мегирад.

Чи тавре дар ин боб гуфтем, амрикоиҳо ҳамеша аз пайи ҳимояи манфиати давлату миллаташон мебошанд, вале гоҳе ҳамин ҳимояи манфиати давлатро аз назари мо аз ҳад мегузаронанд ва сарнавишти шодравон Валиҷон Набиев, собиқ корманди таҳҷоии сафорат беҳтарин исботи ин фикр аст.  

(Давом дорад)