Tajik business lady - Бонуи соҳибкори тоҷик Парвина Исҳоқӣ
-
Назарҳо: 171

Парвина Исҳоқӣ аз зумраи бонувони бо истеъдодест, ки дар Тоҷикистон камёфт ҳастанд. Ӯ аз даврони наврасӣ дар иртибот ба истиқлоли худ меандешид ва тавонист ба он даст ёбад. Ин бонуи тоҷик, ки бешак, амалу иқдомоташ қобили ифтихору пайравист, ҳанӯз дар замони наврасӣ ният ба ин кор кард, ки дар ҷомеаи мо чунин иттифоқот кам рух медиҳанд. Парвина муваффақияти худро дар тиҷорат санҷид ва то ҷое муваффақ ҳам шуд.
Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” менависад, ӯ “вақте дар мактаби миёна таҳсил мекард, фикре ба сараш омад, ки бояд ба тиҷорат машғул шавад. Пас аз дарсҳо аз бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе молҳои ниёзи бонувонро бо нархи нисбатан арзон харида, болояш маблағи муайяне зам мекард”. Аммо худи ӯ дар суҳбат ба хабаргузории “Азия плюс” дар бораи оғози кораш гуфтааст, “дар шашсолагиям мактаб рафтам, аммо он ҷо ва дар он синну сол барои ман ҷолиб набуд, фанҳо осон буданд, бинобар ин ман имтиҳоноти ду синфро ба таври фавқулодда супорида, дар 15-солагӣ мактабро хатм кардам”. Исҳоқӣ дар идома иброз медорад, ки пас аз хатми мактаб донишҷӯи Донишгоҳи давлатии техникии ҳавонавардии кишварии Русия гашта ва ҳамзамон корро шуруъ кардааст. “Корро аз тақсим кардани варақаҳо оғоз намудам. Ин корро на барои он мекардам, ки ба пул ниёз доштам, балки ташаккули шахсӣ бароям лаззатбахш буд”, - меафзояд ин бонуи тоҷик.
Ӯ пас аз хатми донишгоҳ ва бозгашт ба Душанбе бо таъсис додани як ширкати хурд ба таблиғ ва фурӯши молҳои тавлидии “Alpen Gold“, “Craft“ ва ғайра пардохт. Ин кори вай муваффақият дар пай дошт. Дар зимн ширкати “Ulter” ба ӯ муроҷиат ва тавре Парвина Исҳоқӣ дар мусоҳибааш гуфтааст, кори душвореро барояш пешниҳод кард. Ин ширкат бояд дар давоми ду-се моҳ 32 ҳазор бастаи шоколадро, ки замони андаке барои масрафашон боқӣ монда буд, мефурӯхт. Агар ширкат ин корро намекард, он мавод куллан фосид мешуд ва соҳиби мол зарар медид. Ба қавли хонум Исҳоқӣ, ки наздик ба моҳи июн замони хубе барои бозорёбии шоколад нест, ӯ ин масъулиятро ба уҳда гирифт.
“Ҳамон шом тарҳи корро рехтам ва рӯзи дигар онро дар ҳузури раҳбарияти ширкат рӯнамоӣ кардам. Ман гуфтам, ки барномаро дар ҷиҳати фурӯши мавод амалӣ хоҳам кард ва барои он на ба чаҳор моҳ, балки танҳо ба як моҳ ниёз дорам. Ба ростӣ, барномаро дар ҳоле иҷро мекунам, ки 15 дарсади даромад аз ман шавад ва ин ҳам пули кам нест, 36 ҳазор доллар аст. Онҳо роҳи дигаре надоштанд ва розӣ шуданд”, - гуфтааст Парвина Исҳоқӣ дар мусоҳибааш бо хабаргузории “Азия плюс” зери унвони “Парвина Камолова-Исҳоқӣ чӣ гуна касби даромад кард?”.
Ин аввалин кори бузурги ӯ дар ҷиҳати таблиғ ва барномарезӣ барои бозорёбии мол буд, ки муваффақ ба анҷоми он шуд. Дар ҳамон замон ӯ 19 сол дошт.
Соли 2009 Парвина Исҳоқӣ тарҳи дигареро роҳандозӣ кард. Ба навиштаи маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, “Парвина озмуни «Маликаи ориёно-2009»-ро тарҳрезӣ намуд. Сарпарастонро ҷазб мекард ва дар ин радиф барои ҷалби бештари тамошобин усули овоздиҳӣ аз тариқи смс-паёмакҳоро ба роҳ монд, ки он низ барояш даромади бузурге дод. Арзиши як смс як доллар буд, яъне як паёмак як доллари амрикоӣ арзиш дошт. Роҳандозии ин тарҳ барои ин бонуи соҳибандешаи тоҷик даромади хуб овард. Ӯ дар суҳбаташ бо муаллифи матлаби “Бонуе соҳиби “Ню-Йорк”, “Гармония” ва “Зверополис”-и маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” гуфтааст, ки “дар озмун 20 зебосанами шаҳри Душанбе ширкат варзид. Мо суди бештарро аз ҳисоби паёмакҳо ба даст овардем. Тӯли як рӯз ба як зебосанам беш аз сад паёмак ирсол мегардид. Давоми як моҳе, ки озмун идома дошт, беш аз 20 ҳазор доллар маблағ ба ширкат ворид шуд”.
“Маликаи Тоҷикистон-2010” дигаре аз озмунҳое буд, ки Парвина Исҳоқӣ баргузор кард. Ин озмун ба озмуни аввалӣ шабеҳ буд, аммо тамоми бонувони Тоҷикистон ҳаққи ширкат дар онро доштанд, ҳол он ки аввалӣ танҳо бонувони Душанберо фаро мегирифт. Ва ин озмун ҳам муваффақ анҷом ёфт.
Ин бонуи тоҷик соли 2011 барандаи “Грин корт”-и Амрико шуду соли 2012 он ҷо рафт. Феълан мешавад гуфт, мавсуф дар Тоҷикистону ИМА ва Русия зиндагӣ мекунад. Гоҳе дар Ватан асту гоҳе дар Амрикову Русия.
Дар рӯзҳои аввали ҳиҷрат, замоне ки ӯ дар Амрико буд, аз он ҷо мол мефиристод ва пайвандонаш дар кишвар онҳоро ба фурӯш мегузоштанд. Барномаҳои роҳандозикардааш дар Тоҷикистон манбаи даромади гуфта мешаванд. Барои мисол, ин бону дар суҳбаташ ба хабаргузории “Азия плюс” мегӯяд: “Ман чизи хеле ҷолиберо бароятон мегӯям: дар давоми сол як ё ду бор фаъол мешавам, он ҳам замоне ки дар Душанбе қарор дорам ва тиҷорати наверо оғоз менамоям. Дар дигар вақтҳо, замоне ки дар Ню-Йорк ҳастам, он ҷое, ки оилаи мо зиндагӣ мекунад, ман соҳибхоназани намунавӣ, зани дӯстдоштанӣ ва модари ғамхорам. Ман субҳона, хӯроки нисфирӯзию шом омода мекунам, зеро шавҳарам варзишкору ҷонибдори ҳаёти солим аст, бинобар ин барои ӯ ҷудо ва барои кӯдакон ғизои алоҳида омода мекунам. Мо зуд-зуд берун аз шаҳр меравем. Ва ман дар шакли онлайнӣ кор мекунам, дурусттараш на кор мекунам, балки он ҳамкоронамро, ки дар манотиқ корро пеш мебаранд, сарварӣ менамоям”.
Зимнан “аз ҳисоби маблағҳои ин навъи тиҷорат, ки аз 100 ҳазор доллар зиёд гардида буд, соли 2015 дар шаҳри Душанбе мағозае бо унвонии «Ню - Йорк» ва фитнес - клуби занонаи «Гармония» (ягона дар пойтахт)-ро таъсис дод. Инчунин дар назди он клуби кӯдаконаи «Гармония»-ро фаъол сохт, ки он ҷо ба кӯдакон маҳорати балет омӯзонда мешавад”, - омадааст дар матлаби “Бонуе соҳиби “Ню-Йорк”, “Гармония” ва “Зверополис”. Ҳамчунин ӯ боғи вуҳушеро мавсум ба “Зверополис” дар кишвар ташкил кардааст.
Тайи ин солҳо дар баробари тавсеаи тиҷораташ Парвина Исҳоқӣ ба дин низ таваҷҷуҳи хосе зоҳир кардааст. Зеро дар суҳбат бо “Zira Media” гуфтааст, ӯ аввалин коре, ки дар ин хусус оғоз кард, намозгузорӣ буд. “Ман дар зиндагӣ ба қавле “максималист” ҳастам ва дӯст медорам, ҳамаи корамро дар сатҳи олӣ анҷом диҳам. Худо аз оғоз ҳам дар дили ман буд, инро ман ҳамеша медонистам... Мефаҳмидам, ки дар маҷмуъ мусалмонам, чун дар оилаи мусалмон ба дунё омадаам, аммо на намоз мехонаму на ҳиҷоб мепӯшам. Рӯзе аз худ суол кардам, ки “оё, воқеан, ман мусалмонам?”. Тасмим гирифтам, ки бояд инро барои худ дақиқ кунам. Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонам, ки тамоми талаботи дини Исломро дарк карда, онро пайравӣ мекунам... Ман аз намоз шуруъ кардам. Дар аввал танҳо фарзро мехондам, чунки фикр мекардам, намоз хеле дароз аст. Шояд муносибат ба намоз нодуруст буд ва каме баъдтар, вақте ба дарки намоз сарфаҳм рафтам, муносибатам низ дигар шуд...”. Ин зани тоҷик намозро “оромиши рӯҳу равон” унвон кардааст.
Баъди оғози намозхонӣ шеваи либоспӯшии хонум Исҳоқӣ ҳам тағйир кард. Дар ин хусус вай дар мусоҳибааш бо “Zira Media” мутазаккир шудааст: “Бале, ин тасмим ҳам барои ман осон набуд. Ман тарс доштам. Тарс аз атрофиён, тарс аз он ки маро дигарон чӣ тавр қабул мекунанд... Ман аз интихоби ҳиҷоб шуруъ кардам. Яъне дар баробари ҷавобгӯ ба талаботи динӣ либос бояд зебо ва шинам бошад, то инсон тавонад дар он худро озод эҳсос намояд. Дигар ин ки бароям хеле муҳим буд, то либоси ман ба шавҳарам писанд бошад”.
Таъсиси “Гармония” ба мавзуи фавқуззикр то ҷое бастагӣ дорад. Соли 2017 ин бошгоҳ дарашро бар рӯйи хонумҳое, ки мехоҳанд тамрин кунанд, боз кард. Дар шарҳи ин масъала хонум Исҳоқӣ гуфтааст, “аввалан, ҳарчанд кишвари мо дунявист, бештари мардони мо зидди онанд, ки ҳамсарон ё духтаронашон дар толорҳои варзишии умумӣ бо мардон якҷоя тамрин кунанд. Масалан, шавҳари ман”.
Ӯ бо вуҷуди муваффақиятҳояш зиндагӣ дар Тоҷикистонро тарҷеҳ медиҳад ва ин ҳам, ба гуфтаи вай, ба далели самимӣ будани мардуми кишвар аст. Аммо бо хотири шавҳараш, ки варзишкор аст, бештар дар Амрико ба сар мебарад. Зимнан аз саҳифаҳои интернетии ӯ бармеояд, ки ба тиҷорати хонасозӣ дар Русия низ машғул аст.
Парвина Исҳоқӣ мегӯяд, ҳоло ӯ барои ба даст овардани пул кор намекунад, балки пули кофӣ дорад. Аммо идомаи фаъолият барояш лаззати маънавӣ мебахшад. “Вақте ки аз ҳама монеаҳо убур мекунам ва ба ҳадафам мерасам, эҳсоси ризоият ва қудрати дарунӣ мекунам”, - меафзояд ӯ.
"Тоҷикони Амрико"